Ба боркашонии ҳавопаймоӣ дар Афғонистон ҳавас доред? Авиаброкери AVIAV TM (Cofrance SARL) парвози ҳар кадом мураккабиеро «аз оғоз то интиҳо» ташкил мекунад. Киштиро ба таври онлайн бевосита дар сайти мазкур муддати 5 дақиқа брон кардан мумкин!
Таҳвили борҳо тавассути ҳавопаймо дар ҳар ҳолатҳо, махсусан, дар сурати фиристонидани ҳуҷҷатҳою маводҳои таъҷилӣ ё ғизои тезвайроншаванда, ҳайвоноти зинда, растаниҳо, гулҳо зарур мешавад. Дар чунин ҳолат ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) кӯмак мерасонад. Мо рейсро ҳатто дар асоси фармоише, ки ба таври масофавӣ тартиб дода шуд, таъмин менамоем ва киштии ҳавоӣ ба хатсайри зарурӣ бидуни таваққуфҳои байнӣ сафар мекунад.
Кадом борҳоро мо қабул мекунем
Аз соли 2010 дар Афғонистон фаъолият дошта, кормандони AVIAV TM (Cofrance SARL) медонанд, ки дар ин ҷо шаклҳои зерини борҳо машҳур мебошанд:
– қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиётӣ,
– агрегатҳо, яъне маҷмӯъи механизмҳо,
– компутерҳо ва дастгоҳҳои ташкилкунанда,
– асбобҳо, таҷҳизотҳо ва арматураи ҳар таъинот,
– мебел, асарҳои санъат,
– масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ,
– техникаи маишӣ ва электроника,
– ҳуҷҷатҳо ва амволи арзишнок, антиквариат,
– ғизои тезвайроншаванда,
– ҳайвоноти хонагӣ, минҷумла, чорво,
– доруворӣ, кимиёи маишӣ,
– моддаҳои хатарнок ва сӯзишворӣ (ба ғайр аз манъшуда),
– борҳои калонҳаҷми ҳар таъинот.
Мо бо тамоми шаклҳои мазкури муросилаҳо сарукор дорем ва, ҳамчунин, баррасии дигар тариқаҳоеро, ки ба рӯйхати зикршуда надаромаданд, омода ҳастем. Вале, AVIAV TM (Cofrance SARL) борҳоеро, ки таҳвили онҳо манъ шудааст: яроқу аслиҳа, моддаҳои кимиявии зараровар ва ғ., намекашонад.
Рейси боркашро чӣ тавр фармоиш хоҳад дод
Агар ба шумо таҳвили ҳавопаймоии борҳо дар Афғонистон зарур шавад, қулай аст, ки дархостро дар сомонаи мазкур ё дигар портали AVIAV TM (Cofrance SARL) гузоред. Инро нишон диҳед:
– фурудгоҳҳои парвозу таъиншуда (ё бандарҳои чархболӣ – барои чархболҳо),
– санаи парвоз,
– хусусияти борҳо,
– вазн ва ҳаҷми тахминии онҳо,
– фавринокӣ ва арзишнокӣ,
– талабот нисбати рейс,
– тамосҳо.
Менеҷер дархостро баррасӣ намуда, нархро эълон мекунад ва тафсилотҳоро мутобиқат мекунад.
Дар хатсайрҳои бисёр ҳавопаймоҳо дар дохили Афғонистон парвоз намекунанд. Дар ин ҳолат роҳи беҳтарин чархболи боркаш мешавад. Он барои ба қӯҳҳою маҳаллҳои обӣ, ба ҳар куҷое, ки майдончаи фурудоиро дорад, сафар кардан омодааст. Ин далел ҳолатро хеле осон мегардонад. Фақат маълумот диҳед, ки хоҳиши фармоиши чархболро барои таҳвили муросилаҳо доред ва AVIAV TM (Cofrance SARL) иҷораи навъи муносиббударо кӯмак мерасонед.
Ташкили боркашонии ҳавопаймоӣ
AVIAV TM (Cofrance SARL) ташкили парвозро аз сар то ба охир бар дӯши худ мегирад:
- ба рейси ҳатто хатсайри ғайристандартӣ иҷозат мегирем,
- ҳамаи ҳуҷҷатҳои ирсолкунандаро тартиб медиҳем,
- тибқи хоҳиши мизоҷ муросиларо суғурта мекунем,
- борҳоро тахт ва бастабанд мекунем,
- онҳоро тавассути автомобил ба фурудгоҳ оварда мерасонем,
- ҳарорат, равшанокӣ ва намнокии заруриро дар канор таъмин мекунем,
- амволро дар нуқтаи таъиншуда пешвоз мегирем,
- дар анбор ҷойро пешниҳод мекунем ё то ба суроғаи нишондодашуда бурда мерасонем,
- кушода васл мекунем,
- ҳисоботи шаффофи молиявиро пешниҳод мекунем.
Мизоҷро фақат фармоиши боркашонии ҳавопаймоиро дар Афғонистон зарур мешавад: ҳамаи боқимондаро AVIAV TM (Cofrance SARL) иҷро мекунад.
Тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва суғурта
Тартиб додани ҳуҷҷатҳо зимни таҳвили борҳо – марҳалаи ҷиддӣ мебошад, ки нисбати он бо диққат ва масъулият муносибат кардан лозим. Дар сурати роҳ додан ба хатогӣ парвозро рад намуда, ҳатто амволро дар фурудгоҳ мусодира карда метавонанд. Маҳз аз ин сабаб бо чунин масъалаҳо дар ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳуқуқшиносони гумрукӣ ва авиатсионӣ машғул мешаванд. Бо мо дилпур бошед, ки ҳуҷҷатҳои ирсолкунанда дуруст тартиб дода мешаванд, маълумотномаҳо, сертификатҳо ва рухсатномаҳои зарурӣ, ки дар ҳар як ҳолат хос мебошанд, гирифта шудаанд.
Боз як далели аҳамиятдошта ин суғуртаи борҳо мебошад. Ин хизматрасонӣ, ки мо пешниҳод карда метавонем, ҳатмӣ намебошад. Агар шумо аз беосебии муросилаҳо, вайроншавӣ, гумшавӣ ё дуздии онҳо хавотир шавед, суғурта оромии шуморо кафолат медиҳад. Ҳангоми 8 соли фаъолият дар Афғонистон воқеъаҳои номатлуб дар таҷрибаи мо рӯй надодаанд, вале дар вуҷуди хоҳиш мо ширкати боэътимодро тавсия ва шартномаеро, ки шумораи ниҳоии хатарҳоро дарбар мегирад, тартиб медиҳем.
Боркашонии ҳавопаймоӣ дар Афғонистон – хизматрасонии муосири босамара, ки зимни тиҷорат олиҷаноб амал намуда, хали вазифаҳои харрӯзаро мусоидат мекунад. Мо бо шахсони ҳам инфиродӣ ва ҳам ҳуқуқӣ ҳамкорӣ менамоем, ҳар кадом самтҳоро барои парвозҳо баррасӣ мекунем. AVIAV TM (Cofrance SARL) шарики боэътимоди шумо дар ҷаҳони авиатсияи тиҷоратӣ мешавад ва фавран ноил гаштани мақсадҳои гузошташударо мусоидат мекунад.