Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) тюнинги ҳавопаймоҳо ва чархболҳоро дар Афғонистон пешниҳод мекунад. Имрӯз дар бораи ин хизматрасоние, ки дар Аврупо ва мамолики Амрикои Шимолӣ машҳур мебошад, ҳоло на ҳама маълумот доранд. Он бешубҳа афзалиятҳои хешро дорад, ки дар бораашон мо дар маколаи мазкур сухан меронем.
Дар бисёр ҳолатҳо, соҳибимул аз ҳавопаймо ё чархбол умуман қаноатбахш буда, аммо хоҳиш дорад, ки баъзе узвҳояшро тағӣир диҳад. Лекин, барои ҳар тағӣиротҳои киштии ҳавоӣ иҷозати махсуси мақомоти авиатсионӣ лозим аст ва бо чунин масъалаҳо мутахассиси дахлдор бояд машғул шавад. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) омодааст, ки профессионалҳои заруриро барои иҷрои тюнинг пешниҳод кунад.
Чиро тағӣир дода мешавад
Тюнинги киштиҳои ҳавоӣ дар Афғонистон ҳар намуд тағӣиротҳоро дарбар мегирад.
Муҳаррик, узвҳои асосиро иваз намудан, дастгоҳҳои муосири техникӣ, системаҳои бехатариро васл кардан, ҳавопайморо бо навгуниҳои муосир ҷиҳозонидан, хусусиятҳои парвозиро бештар гардонидан ва қувваро баланд бардоштан мумкин аст. Чунин хизматрасонӣ махсусан ба джетҳои дорои таърихи тӯлонӣ аҳамият дорад. Пас аз таҷдид онҳо «ҳаёти дуюмро» соҳиб мешаванд ва аз ҳама санҷишҳо кафолатан мегузаранд.
Аз ҳама зиёд соҳибони киштиҳои ҳавоӣ мехоҳанд дар даруни нишеман тағӣирот дароранд. Дар ҳамкорӣ бо AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳамаи тағӣиротҳои зарурӣ ба амал расонида мешаванд: ҷобаҷогузории курсиҳо, иловаи намудҳои нави мебел, бештаргардонии системаи чароғонкунӣ, назорати ҳарорат, намнокӣ, фишорнокӣ, таҷдиди мабраз, гузоштани душ ё ванна, оростани интерер бо элементҳои ороишӣ.
Ҳарзамон хоҳишҳои соҳибмулкон ба қисми зеҳнии киштии ҳавоӣ низ тааллуқ доранд. Ҷиҳати байни дигарон мумтоз шудан, ба осонӣ аэрография кардан, аз нав рангубор додани канор, гузоштани тамғаи ширкат ё расми нодир мумкин аст.
Тюнинги киштиҳои ҳавоӣ дар Афғонистон ҳам барои ҳавопаймоҳо ва ҳам барои чархболҳо аҳамияти якхела дорад. Чархболҳоро тибқи хоҳишҳои соҳибмулк низ беҳтар кардан мумкин аст ва чунин тағӣиротҳо арзонтар мефароянд.
Афзалиятҳои тюнинги ҳавопаймоҳо ва чархболҳо
- бештаршавии сифатҳои парвозии ҳавопаймо ё чархбол,
- баландшавии сатҳи бехатарӣ,
- гузаштани кафолатӣ аз санҷишҳои А, В, С, D,
- афзоиши сатҳи бароҳатӣ,
- кишти ба таври индивидуалӣ, мутобиқи ниёзҳои соҳибмулк ва ҳамсафарони доимии ӯ, таҷдид мегардад,
- тюнинги ҳавопаймо ё чархболро кардан, нисбат ба харидани киштии нав, ба дараҷае арзон, зудтар ва осонтар мебошад.
Чӣ тавр мо кор мекунем
- Шумо дар сомонаи AVIAV TM (Cofrance SARL) дархостро дар шакли озод мегузоред ва хоҳишҳоятонро баён мекунед.
- Бо шумо менеҷери ширкат алоқа мекунад, тағӣиротҳоро ба таври муфассал маслиҳат мекунад ва нархи пешакии хизматрасониро зикр мекунад.
- Пас шуморо вохӯриҳои бевоситаю ғоибона бо муҳандисон ва мутахассисони авиатсионӣ, таҳияи лоиҳаи индивидуалӣ интизоранд.
- Баъди бунёди нақша он дар пояҳои зарурӣ тасдиқ карда мешавад ва пас ҷараёни ба амал татбиқи гардонидани он оғоз мегардад.
- Киштии ҳавоӣ ба амбори махсус гузаронида мешавад, ҳарзамон парвози он ба дигар кишвар зарур мегардад.
- Мутахассисон лоиҳаро марҳалла ба марҳалла иҷро мекунанд.
- Тағӣиротҳои даровардашуда ба қайд гирифта мешаванд – бо ҳамаи ҳуҷҷатҳо ҳуқуқшиносони авиатсионии штатии AVIAV TM (Cofrance SARL) машғул мешаванд.
- Парвози озмоишӣ гузаронида мешавад ва соҳибмулк киштии ҳавоии таҷдидшударо бо кафолати панҷсола нисбати тағӣиротҳои даровардашуда қабул мекунад.
Менеҷменти тиҷоратӣ
Бо хоҳиши соҳибмулк ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) омода аст, ки киштии ҳавоиро тахти идора гирад. Агар он вақти бисёр дар фурудгоҳ бекор истад, ба хотири ба даст овардани даромад ва подоши хароҷотҳои истифодабарӣ ба иҷора супориданаш мақсаднок мебошад.
Авиаброкери AVIAV TM (Cofrance SARL) хизматрасониҳои менеҷменти тиҷоратиро пешниҳод мекунад. Мо:
– боршавии ҳавопаймоҳоро таъмин мекунем,
– барои иҷро кардани рейс иҷозатҳоро мегирем,
– парвозҳоро идора мекунем,
– оиди бароҳатии мусофирон ташвиш мекашем,
– масъалаҳоро доир ба хизматрасонӣ ва нигоҳдории киштиҳои ҳавоӣ дар Афғонистон ҳалу фасл менамоем.
Агар шумо аз тюнинг ё менеҷменти киштии ҳавоӣ ҳавасманд бошед, бо менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) тариқи ҳар тарзи қулай тамос кунед ва дар бораи хоҳишҳоятон нақл кунед. Мо ҷиҳати он, ки ҳавопаймо ё чархбол ба шумо хушнудии боз ҳам зиёдро бахшад, кӯшиш ба харҷ медиҳем.